Пайвандҳои дастрасӣ

20 сол пеш дар ин шабу рӯз, бо ҳадафи пешгирӣ аз ҷанги шаҳрвандӣ яке аз мушкилтарин нишастҳои парлумони Тоҷикистон баргузор шуд.

Бист сол пеш дар ин шабу рӯз чашму ҳуши кулли мардуми Тоҷикистон ба сӯи Хуҷанд, ба Қасри Арбоб ва ба вакилони шӯрои олӣ буд, ки барои хотима додан ба даргириҳои дохилӣ дар шимоли Тоҷикистон ҷамъ шуданд. Зеро ба думболи рӯёрӯиҳое, ки 7 моҳ ҷараён дошт, Тоҷикистон дар вартаи суқут қарор гирифт ва раҳбарони вақти кишвар зимоми назорат бар авзоро аз даст доданд.

Ҳукумати Муросои миллӣ, ки ба хотири пешгирӣ аз паркандагии миллату давлат таъсис ёфта буд дар соли 1992 комилан фалаҷ шуд. Қисмате аз Тоҷикистон дар гирдоби хунрезиҳо печид ва бахши дигар барои раҳоӣ аз инзиво ва гуруснагӣ роҳ меҷуст.

Миллат ба ду кисмат ҷудо шуд ва ҳатто кормандони давлатӣ дар институтҳои давлатӣ аз рӯи минтақаи таваллуд ба ду гурӯҳ ҷудо шуданд. Дар ҳоле, ки ҳама, ҳам мухолифин, ҳам намояндагони давлат ва ҳам рӯшанфикрон аз дахолати хориҷӣ ба умури Тоҷикистон ҳарф мезаданд, дар амал касе ба касе гузашт кардан намехост.


Иштибоҳи сервер

Воооҳ, тавре мебинед, ин чизе нест, ки мебоист ба Шумо нишон медодем!

ин тор ба бахши фаннӣ фиристода мешавад ва фавран баррасӣ мегардад. Бахшиш мепурсем.

Лутфан тугмаи Ҷустуҷӯро барои пайдо кардани ин мавод пахш кунед

Теъдоди куштаҳо рӯз то рӯз афзунтар мешуд. Ин буд ки даъват барои баргузории сессия дар Хуҷандро ҳарду тараф пазируфтанд ва талош карданд, то вазъиятро ба эътидол биёранд. Аз рӯи шумориш ин 16-умин сессияи парлумони Тоҷикистон буд, ки баъдан аз тарафи ҳукумати феълӣ дар тамоми аснод ҳамчун “сессияи таърихии Хуҷанд” унвон шуд.

Аз тамоми нишастҳои парлумон шояд ин мушкилтарин нишаст буд, ки дар авҷи хунрезиҳо ва дар пасманзари гунаҳкор кардани якдигар баргузор мешуд. Парлумон ҳам ба ду қисмат ҷудо шуда буд. Ба гуфтаи аксари муаррихон, ки баъдан дар бораи ҷанги шаҳрвандӣ китоб навиштанд, нишасти Хуҷанд ба сурати умум сенарияи таҳиякардаи Узбакистону Русия буд. Гуфта мешуд, ки ин ду кишвар дар шароити баъди суқути Шӯравӣ ба ҷангу ҷидол дар ин минтақаи муҳим манфиатдор набуданд.

Сессияи Хуҷанд нахустин талоши хотима додан ба ҷангу ҷидол дар Тоҷикистон буд. Ин нишаст ҳамчунин ҷойивазкуниҳоеро дар саҳнаи сиёсӣ ба думбол дошт. Дар ин ҷаласа институти президентӣ дар кишвар барҳам хурд ва намояндаи парлумон Эмомалӣ Раҳмонов, раиси Шӯрои Олӣ интихоб шуд. Бо ин, қадимтарин клани раҳбарикунанда дар Тоҷикистон аз қудрат рафт ва чеҳраҳое наве аз ҷануби кишвар ҳукуматро ба даст гирифтанд.

Навори видеоие, ки ба дасти радиои Озодӣ расидааст, аз баҳсу сӯҳбатҳо ва ҷараёни таҳаввулоти иҷлосияи 16-уми шӯрои олии Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли 1992 қисса мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG