Пайвандҳои дастрасӣ

Элитаи бизнеси тоҷик барои аввалин бор аз соя берун мешавад ва худро ба ҷомеа ном ба ном муаррифӣ мекунад.

Анҷумани миллии мудирон ва бозорёбони (маркетолог) Тоҷикистон, ба манзури мушаххас кардани нухбагони тиҷорати Тоҷикистон, мехоҳад дар як озмун ширкатҳо ва ҳам мудирони беҳтаринро маълум кунад.

Барои иштирок дар ин сабқат, ҳамакнун, 21 ширкат ва 10 менеҷер, аз ҷумла соҳибкор Зайд Саидов, Тоҷиддин Пиров, раҳбари «Тоҷикисодиротбонк ва Беҳзод Файзуллоев, раиси ширкати «Вавилон» дархост фиристодаанд.

Шаҳноза Олимова, раҳбари лоиҳаи мазкур дар Анҷумани миллии мудирон (менеджерҳо) ва бозоршиносон Тоҷикистон мегӯяд, бо баргузории ин сабқат онҳо мехоҳанд, дастовардҳои соҳибкорон ва ширкатҳоеро, ки барои рушди тиҷорат ва соҳибкорӣ дар кившар саҳм гузоштаанд, ба ҷомеа муаррифӣ намоянд.

Аз Зайд Саидов ба унвони яке аз муваффақтарин соҳибкори тоҷик ном бурда мешавад.

Аз Зайд Саидов ба унвони яке аз муваффақтарин соҳибкори тоҷик ном бурда мешавад.

Ӯ гуфт: «Шартҳои аслии озмун натиҷаҳои назаррас дар тиҷорату соҳибкорӣ, обрӯ ва эътибори бенуқсони фаъолият, иштироки арзишмандона дар барномаҳои иҷтимоӣ ва хайриявӣ мебошад. Дар рафти интихоби беҳтаринҳо даромади онҳо ба инобат гирифта намешавад. Балки омилҳои интихоб ин аҳамияти ширкат дар рушди иқтисоди миллӣ ва суботи иҷтимоии ҷомеа, сифати маҳсулот ва хидматрасонӣ, рақобатпазирии маҳсулот ва маъруфияту симои ширкат аст.»

Ба гуфтаи Шаҳноза Олимова, Шӯрои коршиносон, ки 78 нафар ҳастанд ва ба хотири шаффофият исми онҳо махфӣ нигоҳ дошта мешавад, 5 менеҷери беҳтарин ва 10 ширкати бизнес-элитаи Тоҷикистонро интихоб хоҳанд кард. Ин озмун бо ширкати соҳибкорони маъруф, дар ҳоле баргузор мешавад, ки то имрӯз аксарияти тоҷирони муваффақи кишвар, маъмулан аз расонаӣ шудани фаъолиятҳояшон парҳез мекунанд. Аз ҷумла, ба хотири таъмини амнияти бизнеси худ ва ҳам баҳона надодан ба мақомоти сершумори назоратӣ, ки бори дигар дари ширкаташонро накӯбанд.

Далер Ғуфронов, сардабири маҷаллаи «Элита», ки бо феҳристи ширкаткунандагон ошност, мегӯяд, дар он воқеан ширкатҳо ва нафарони арзанда муаррифӣ шудаанд, вале боз ҳам теъдоди ками ширкатҳо алоқамандии худро барои иштирок дар ин озмун эълом кардаанд.

Вале ба таъкиди Далер Ғуфронов, азми афроде, ки роҳии озмун шудаанд, аз ҷуръати онҳо дарак медиҳад. Оқои Ғуфронов афзуд: «Мутаассифона дар кишвар ҳастанд ширкатҳое, ки фикр мекунанд бо иштирк кардан дар чунин озмун аз худ дарак медиҳанд ва гӯё барои баъзе аз мақомот фаъол будани онҳо ба мисли паёмест, ки ин барои фаъолияти ояндаашон чандон хуб нест. Онҳо мегӯянд, вақте мо аз муваффақияти худ хабар медиҳем ва гӯё оянда баъзе монеаҳо пешорӯи кори онҳо мешуда бошад. Аммо ба гумони ман, набуди чунин озмунҳо ва набудани муносибатҳо бо матбуот ба сабаби он аст, ки чунин тасаввуроти ғалат дар ҷомеа ҷой дорад. Агар чунин чорабиниҳо бештар шавад, гумон мекунам, чунин тарсу табу аз байн меравад.»

Шараф Ҳабибов, раҳбари Хадамоти хусусии нигаҳбонии«Red Line», ки низ дар феҳрасти ширкатдорони озмуни «Элитаи бизнеси Тоҷикистон» шомил аст, аз расонаӣ кардани фаъолияти худ бим надорад. Вай мегӯяд, онҳо ҳар моҳ ба давлат аз 4 то 5 000 сомонӣ молиёт месупоранд. Ва то кунун аз мизоҷони худ барои ноӯҳдабароӣ ва ё дуруст анҷом надодани шартҳои қарордод, шикояте нашунидаанд.

Шараф Ҳабибов ҳамчунин гуфт: «Ман одамони зиёдеро медонам, ки бо кушодани ягон ширкат дар дилашон тарс пайдо мешавад, ки ҳоло ширкати ман бузург мешавад, гардиши пулаш зиёд мегардад ва одамоне пайдо мешаванд, ки мехоҳанд ин корхонаро аз ман гиранд. Аммо ман аз ин тарс надорам, чунки фаъолияти ман заҳмати сангинро талаб мекунад. Ин коре нест, ки дар як курсии мулоим нишаста пул ҷамъ кунӣ. Аз сӯи дигар аксарият аз андоз ҳам пинҳон мешаванд. Ман тоҷиронеро медонам, ки мегӯянд, агар сад дар сад андоз ҳам супорем, бизнеси мо дар Тоҷикистон муваффақ намешавад. Аз ин хотир бо ҳар роҳ мехоҳанд худро аз андоз канор бигиранд.»

Бо ин ҳама ширкатҳо ва менеҷероне, ки барои соҳиб шудан ба унвони бизнеси элитаи кишвар ва ҳам соҳибкорони беҳтарин рақобат доранд, мехоҳанд тавассути ин озмун фаъолияти худро таблиғ ва доираи муштариёни худро бештар кунанд.
Қарор аст, исми тоҷирони ғолиб 21-уми декабр дар як маҳфили бошукӯҳ дар Кохи “Душанбе-Плаза” эълон шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG