Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медали биринҷии паҳлавони тоҷик дар ИМА


Хайрулло Назриев
Хайрулло Назриев

Хайрулло Назриев, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба дзюдо миёни собиқадорон бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.

Ба иттилои Федератсияи дзюдои Тоҷикистон Хайрулло Назриев дар ин мусобиқа, ки дар шаҳри Майамии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор шуд, дар рақобатҳо дар вазни беш аз 100 кг барои ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтан аз Ҳендрик Коппеи ҳолландӣ мағлуб гашт. Ӯ барои ҷойи севум бар се рақибаш - Хуано Касадевале, Эд Аррасаекает (ҳарду аз ИМА) ва Зденек Вилчек (Ҷумҳурии Чех) ғолиб шуд.

Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон барои бори чаҳорум баргузор шуд. Ташкилкунандаи ин мусобиқа Федератсияи байналмилалии дзюдо (IJF) мебошад. Дар рақобатҳои инфиродӣ собиқадорони синнашон аз 30 то 80-сола ширкат карданд.
XS
SM
MD
LG