Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Регар-ТадАЗ” ба ҷойи аввал баромад


Бегоҳи имрӯз, 12-уми ноябр, се бозии даври 25-уми Лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор шуд.

Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода, ки дар меҳмонӣ тими “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуровро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод, бо 55 имтиёз дар садри ҷалвали мусобиқа қарор гирифт.
Дастаи “Энергетик”-и Душанбе бар тими меҳмон - “Зарафшон”-и Панҷакент бо ҳисоби бузурги 8:0 ғалаба кард.
Дастаи “Гвардия”-и Душанбе бидуни бозӣ бо ҳисоби техникии 3:0 ғолиб дониста шуд. Зеро ки рақибаш - “Хуҷанд”-и Хуҷанд ба бозӣ ба Душанбе наомад.

Натоиҷи се бозии даври 25-ум:

«ЭНЕРГЕТИК» - «ЗАРАФШОН» - 8:0
Голҳо: Феликс Бафое, 12 (1:0). Сорбон Карамов, 16 (2:0). Феликс Бафое, 44 (3:0). Шуҷоат Неъматов, 49 (4:0). Шуҷоат Неъматов, 59 (5:0). Абдусамад Ҳоҷибоев, 66 (6:0). Шуҷоат Неъматов, 78 (7:0). Шуҷоат Неъматов, 89 (8:0).

«ПАРВОЗ» - «РЕГАР-ТАДАЗ» - 1:2
Голҳо: Алиҷон Машарифов, 18 (1:0). Сӯҳроб Эгамбердиев, 38 (1:1). Сардорбек Эминов, 68 (1:2).

«ГВАРДИЯ” - «ХУҶАНД» - 3:0 (ҳисоби техникӣ)

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т И

1. Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) 22 17 4 1 64-16 55
2. «Равшан» (Кӯлоб) 21 17 2 2 41-9 53
3. «Хайр» (Ваҳдат) 22 15 3 4 42-25 48
4. «Истиқлол» (Душанбе) 19 13 4 2 54-10 43
5. «Парвоз» (Б.Ғафуров) 22 9 4 9 43-32 31
6. «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 23 9 4 10 28-20 31
7. «Энергетик» (Душанбе) 22 7 6 9 34-30 27
8. ССКА “Помир” (Душанбе) 22 7 6 9 23-23 27
9. «Хуҷанд» (Хуҷанд) 22 7 6 9 27-33 27
10. «Истаравшан” (Истаравшан) 21 7 4 10 31-40 25
11. «Ҳосилот» (Фархор) 22 4 2 16 18-56 14
12. «Гвардия» (Душанбе) 23 4 0 19 18-61 12
13. «Зарафшон» (Панҷакент) 23 1 3 19 21-95 6

Голзанҳои беҳтарин: Дилшод Восиев ("Истиқлол")-19 гол, Аҳтам Ҳамроқулов ("Регар-ТадАЗ")-16 гол, Комил Саидов ("Регар-ТадАЗ"), Мирзобек Мирзоев («Хайр») – 15-голӣ, Шодибек Ғаффоров («Энергетик»), Нуъмон Ҳакимов («Равшан»), Мансур Ҳакимов («Парвоз»)– 11-голӣ.

Даври 25-ум
13-уми ноябр (сешанбе)
Оғози бозиҳо – соати 14.00
ССКА «Помир» - «Ҳосилот»
«Хайр» - «Истиқлол»
«Равшан» - «Истаравшан»

Даври 26-ум
17-уми ноябр (шанбе)
Оғози бозӣ – соати 14.00
«Хуҷанд» - «Энергетик»
18-уми ноябр (якшанбе)
Оғози бозиҳо – соати 14.00
«Вахш» - «Парвоз»
«Регар-ТадАЗ» - «Гвардия»
«Зарафшон» - «Равшан»
«Ҳосилот» - «Истиқлол»
«Истаравшан» - «Хайр»

Федератсияи футболи Тоҷикистон санаи баргузории бозиҳои
мавқуфгузоштаи мусобиқаи Лигаи олии кишварро муайян кард.
Бозиҳои мавқуфгузоштаи мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзҳои 22-юм, 25-ум ва 29-уми ноябр баргузор мешаванд.
Бозии охирин ва ҳалкунандаи мусобиқа миёни дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Равшан”-и Кӯлоб рӯзи панҷшанбе, 29-уми ноябр дар пойтахти кишвар, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ барпо мегардад.

Бозиҳои мавқуфгузоштаи Лигаи олӣ:
22-юми ноябр (панҷшанбе) - соати 14.00
бозии № 95 «Истиқлол» (Душанбе) - «Хуҷанд» (Хуҷанд)
бозии № 128 «Истаравшан» (Истаравшан) - «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)
бозии № 137 ССКА «Помир» (Душанбе) - «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

25-уми ноябр (якшанбе) - соати 14.00
бозии № 138 «Энергетик» (Душанбе) - «Истиқлол» (Душанбе)

29-уми ноябр (панҷшанбе) - соати 14.00
бозии № 144 «Истиқлол» (Душанбе) - «Равшан» (Кӯлоб)
XS
SM
MD
LG