Пайвандҳои дастрасӣ

Варзишгарони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии гуштии камарбандӣ, ки дар шаҳри Уфаи Бошқирдистони Русия баргузор шуд, ду медал ба даст оварданд.

Ин мусобиқаи ҷаҳонӣ бо иштироки 120 гуштигир аз 22 кишвар - Арманистон, Белорус, Русия, Гурҷистон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Исроил, Қирғизистон, Латвия, Муғулистон, Норвегия, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Эстония, Юнон ва ғайра барпо гашт.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 9 нафар шомил буданд. Онҳо дар сабқати мардон дар ҳафт вазн аз рӯи услуби классикӣ ва озод рақобат карданд.

Маҳмад Миров, аз ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд, дар рақобатҳои тарзи озод дар вазни то 100 килограмм дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Максим Чепурко (Украина) дастболо шуд ва бо медали тилло сарфароз гашт.
Гуштигири дигари тоҷик Некбахт Зиёев дар рақобатҳои тарзи озод бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.

Ба иттилои Анвар Қосимов, раиси Федератсияи гуштии камарбандии Тоҷикистон, варзишгарони тоҷик барои бори севум дар Ҷоми ҷаҳонӣ ширкат варзиданд. Дар мусобиқаи соли гузашта паҳлавонони тоҷик ду медали нуқра ва ду нишони биринҷӣ ба даст оварда буданд.
Маҳмад Миров дар рақобатҳо дар вазни то 100 килограмм ва Хуршед Шарифов, аз ноҳияи Ҷаббор Расулов, дар вазни то 90 килограмм барандагони медалҳои нуқраи Ҷоми ҷаҳон шудаанд. Самандар Эрназаров дар вазни беш аз 100 килограмм ва Ҳусниддин Тошмуродов дар вазни то 81 килограмм (ҳарду аз шаҳри Истаравшан) бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштаанд.

Бояд гуфт, ки Маҳмад Миров дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии камарбандӣ, ки моҳи октябри соли гузашта дар шаҳри Бишкек баргузор шуда буд, барои Тоҷикистон аввалин медали тилло овардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG