Пайвандҳои дастрасӣ

Нигаронии дабири НАТО аз таҳавуллоти Гурҷистон


Дабири кулли Паймони Атлантики Шимолӣ мегӯяд, аз таҳаввулоти пас аз интихоботи порлумонӣ дар Гурҷистон “фавқуллода нигарон” аст. Дар як нишасти Шӯрои Порлумонии кишварҳои узви НАТО дар шаҳри Прага, Андерс Фог Расмуссен гуфт, “аз боздошти ахири рақибони сиёсмии ҳукумат дар Гурҷистон” дар изтироб афтодааст. Додгоҳи Гурҷистон рӯзи ҷумъа Гиорги Каландадзе, раиси ситоди нерӯҳои мусаллаҳ ва Зураб Шаматава, як генерали дигари гурҷир дар ивази васиқа аз боздошт раҳо кард. Бачо Ахалия, вазири собиқи умури дохилии Гурҷистон ҳанӯз дар боздоштгоҳ аст. Ин ҳар се нафар аз муттаҳидони раиси ҷумҳур Михаил Саакашвилӣ ҳастанд, ки Ҳаракати Ваҳдати Милли ӯ дар интихоботи порлумонии рӯзи якуми октябр аз ҳизби мухолиф ба раҳбарии нахуствазир Бидзина Иванишвилӣ, шикаст хӯрд. Андерс Фог Расмуссен гуфт, муҳим аст, то ба ин гуна муҳокимаҳо ҳеҷ гуна дахолати сиёсӣ сурат нагирад.
XS
SM
MD
LG