Пайвандҳои дастрасӣ

Як муҳоҷири бемори тоҷикро, ки дар шаҳри Маскав дармонда буд, дар ниҳоят барои идомаи табобат ба зодгоҳаш, вилояти Хатлон фиристодаанд

Рӯзи 2-юми ноябр хешовандон ва дӯстонаш хостанд, Суҳроб Гулов, сокини 33-солаи Қӯрғонтеппаро, ки гирифтори инсулт ва ё хунрезии мағзӣ шуда буд, барои идомаи табобат ба Тоҷикистон бифристанд, аммо дар фурудгоҳи Маскав, ба ӯ иҷозаи парвоз надоданд. Баробари ин дар бемористони Старий Химки, ба хешовандони Суҳроб гуфтанд, ки уро дигарбора қабул карда наметавонанд, зеро бемориаш ҷиддист ва бояд муддати тулонӣ табобат бигирад.

Шералӣ Сафаров, тағои Суҳроб Гулов, рӯзи 12-уми ноябр гуфт, ки баъди сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ва матраҳ кардани ин масъала бо сафорати Тоҷикистон дар Маскав, кормандони сафорат ба дидори Суҳроб Гулов омада, ҳамроҳ бо намояндагии Хадамоти муҳоҷират мусоидат кардаанд, то ӯро ба Душанбе фиристоданд. Баъди машварат бо табибони бемористон ва намояндагии ширкати ҳавопаймоӣ, Суҳроб Гулов рӯзи 5-уми ноябр аз тариқи хатсайри Маскав-Душанбе ба Тоҷикистон баргаштааст. Шералӣ Сафаров афзуд, умед надошт, ки мушкили онҳо ба осонӣ ҳал мешавад, вале ҳоло мегӯяд, ки аз сафорати Тоҷикистон сипосгузор аст, ки ба додаш расиданд.

Суҳроб Гулов, ки дар сохтмоне дар Маскав кор мекардааст, тақрибан чаҳор ҳафта пеш ба хунрезии мағзӣ гирифтор шуд ва аз ҳаракату ҳарф задан монд ва муддати 15 рӯз дар шифохонаи Старий Химки табобат гирифтааст.

Шералӣ Сафаров мегӯяд, ҳоло ӯ дар бемористони шаҳри Қӯрғонтеппа аст ва сиҳатиаш назар ба гузашта беҳтар шудааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG