Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"То замоне муҳоҷират аст, ҳукумат ором хоҳад буд"


Наврӯз Некбахтшоев

Наврӯз Некбахтшоев

Мақолаву гузоришҳои сиёсӣ, ки дар Вашингтон ва Иттиҳоди Аврупо нашр мешаванд, таваҷҷуҳи моро ба хатари сенарияҳои охируззамони мунтазири Тоҷикистон, дар сурате ки давлат натавонад ислоҳоти заруриро амалӣ кунад, ҷалб мекунанд. Гуруҳи Байналмилалии Буҳрон (International Crisis Group) дар гузоришаш, ки соли 2009 таҳти унвони “Тоҷикистон дар роҳ ба шикаст” нашр шуда буд, суқути қарибулвуқӯи кишварро пешбинӣ мекард.

Инчунин, китоби ахири Марта Брил Олкот "Роҳи сахти рушди Тоҷикистон" шикасти Тоҷикистонро, ба вижа пас аз хуруҷи нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида аз Афғонистон ва бо таваҷҷуҳ ба амалӣ нашудани ислоҳоти иқтисодӣ ва сиёсӣ ва нақзи ҳуқуқи башар, ҳадс мезанад. Дар ҷавоб таҳлилгарони сиёсии назди ҳукумати Тоҷикистон фарзияҳои шореҳони ғарбиро беасос ҳисобида, иддао мекунанд, ки онҳо аз хусусиятҳои кишвар бехабаранд, вале сабаб чист, ки таҳлилгарони маҳаллӣ ин хусусиятҳоро барои хонандагон ошкор намекунанд.

Ба назари ман, омилҳоеро, ки таҳлилгарони сиёсии Ғарб, боиси шикасти давлат муаррифӣ мекунанд, ҳамон омилҳое ҳастанд, ки кафили бақои давлати кунунӣ мебошанд. Барои муффасал шарҳ додани мантиқи иддаои худ ман рӯи як омил, яъне, муҳоҷират, таваҷҷӯҳ мекунам. Таҳлили ман аз назарияи иқтисоддони машҳури Олмони Алберт Отто Ҳиршман бармеояд. Ба ақидаи Ҳиршман, ҳангоме, ки шаҳрвандони як кишвар дар сифати хизматрасонии давлат коҳиш эҳсос мекунанд, онҳо барои беҳтар кардани вазъи зиндагии худ, аз ду як роҳро интихоб мекунанд. Берун баромадан аз он кишвар ё баён кардани нигарониҳои худ дар мавриди паст будани сифати хизматрасонии давлат.

Ин назария барои таҳлили вазъияти кунунии Тоҷикистон хеле ба маврид аст. Дар Тоҷикистон мардум ба далели мушкилоти иқтисодӣ ё барои пайдо кардани ризқу рӯзӣ ба муҳоҷирати корӣ ба Русия сафар мекунанд. Барои тағйир додани вазъияти мавҷуда дар кишвар мардуми Тоҷикистон имкониятҳои маҳдуди сиёсӣ дорад. Шояд корношоямии худи ҳизбҳо бошад ё фишори ҳукумат аз болои онҳо, ки ҳизбҳои сиёсӣ фаъолияти густурда надоранд. Ба ҳар ҳол, бо назардошти вазъи кунунии сиёсӣ ва иқтисодӣ, сокинони кишвар сафар кардан ба хориҷ аз кишварро нисбати амалиёти сиёсӣ тарҷеҳ медиҳанд, зеро ба хориҷ сафар кардан аз ҷиҳати иқтисоди нисбатан муфидтар аст ва аз ҷиҳати сиёсӣ он оқибатҳои нохушро ба бор намеоварад.

Маълум аст, ки фишори бераҳмонаи бекорӣ ва сатҳи баланди нобаробарии иқтисоди дар кишвар сабаби асосии ба муҳоҷирати корӣ рафтани тоҷикистониён аст. Барои ҳукуматдорон муҳоҷирати корӣ барака ва раҳмат аст, чунки аз он интиқоли пул ба даст меояд. Бо интиқоли маблағ муҳоҷирони корӣ ҷойгузини давлат ба унвони кафили аслии амнияти хонавода мешаванд ва вазъи мавҷудаи иқтисодӣ ва сиёсиро ҳифз мекунанд. Дар навбати худ ҳукумати Тоҷикистон бо сиёсати корношоями иқтисодӣ ва ифтитоҳи марказҳои омӯзишӣ аз қабили омӯзиши забони русӣ ба муҳоҷирати корӣ мусоидат мекунад, гарчанд дар самти ҳимояи ҳуқуқи инсонии муҳоҷирон дар Русия ҳукумати Тоҷикистон ба ҳукуматдорони Русия эътироз баён намекунанд.

Дуруст аст, ки аксари муҳоҷирони корӣ бо далели мушкили вазъи иқтисодӣ аз кишвар берун мебароянд ва ба сиёсат эътино намекунанд. Ба ҳар ҳол, муҳоҷирати корӣ кафили ҳифзи суботи вазъияти кунунии сиёсист. Муҳоҷирати корӣ боиси бетарафӣ ва беэътиноии муҳоҷирон ба вазъи кунунии сиёсӣ ва иқтисодии мамлакат мегардад, зеро проблемаи асосии онҳо аз таъмин кардани хонавода иборат аст, инчунин онҳо ба барои муддати кӯтоҳ ба кишвар бармегарданд, ки ин барои фаъолияти сиёсии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳаёти кишвар мусоидат намекунад. Ҳукумати кишвар хуб огоҳ аст, ки дар шароити бади иқтисодӣ ва сиёсӣ, аз нигоҳи муҳоҷирон муҳоҷират ба Русия нисбати фаъолияти сиёсӣ дар кишвар суди зиёдтар ё зиёни камтар дорад. Бинобар ин ҳукумат ниёз ба беҳтар кардани фаъолияти худ надорад зеро аксарияти мардум ба таври муқимӣ дар Тоҷикистон ҳаёт ба сар намебаранд, яъне пайваста дар муҳоҷират ҳастанд.

Инчунин муҳоҷирати корӣ барои ҳизбҳои сиёсии мухолиф имкон намедиҳад ки шумораи аъзои ҳизбро аз тариқи тарғибот дар маҳалли сукунат зиёд кунад. Аз ин лиҳоз шигифтангез нест, ки рӯзҳои ахир ҳизбҳои сиёсӣ ва рӯҳониёни намоёни кишвар барои корҳои тарғиботӣ бо муҳоҷирон дар Русия вохӯрданд. То он замоне ки тоҷикистониён муҳоҷиратро ҳамчун васила барои рафъи фишори иқтисодӣ интихоб мекунанд, вазъи мавҷудаи сиёсӣ ва иқтисодӣ тағйир нахоҳад кард. Албатта, ҳама чиз метавонад тағйир кунад, агар аҳзоби мухолиф фаъолтар шаванд ва роҳҳои ҳалли навоваронаро пайдо карда вазъи кунуниро бар асоси Сарқонуни кишвар тағйир диҳанд.

Хулоса, ҳукумати Тоҷикистон аз сабаби муҳоҷират, ки таҳлилгарони ғарбӣ ба он ҳамчун мояи заифии давлат нигоҳ мекунанд ва онро ҳамчун хатар ба суботи давлат арзёбӣ мекунанд, арзи ҳастӣ мекунад. Тавассути ин мақола мехоҳам таваҷҷуҳи онҳоеро, ки пайваста, бо таваҷҷуҳ ба вазъи сиёсӣ ва иқтисоди номуносиб дар кишвар, аз шикасти қарибулвуқӯи Тоҷикистон бонги изироб мезананд, ба як нуктаи калидӣ ҷалб кунам.

Дар кишварҳои мисли Тоҷикистон сиёсат ва иқтисоди заиф баъзан омили субот аст. Ба ибораи дигар, то замоне ки тоҷикистониён аз сабаби вазъи сиёсӣ ва иқтисодии номусоид имкони аз кишвар хориҷ шуданро доранд, ҳукумати Тоҷикистон бепарво ва бехатар ба оянда қадам хоҳад гузошт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG