Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳокимаи пурсарусадое дар Қазоқистон шурӯъ шуд


Дар Қазоқистон муҳокимаи пурсарусадои як марзбоне шурӯъ шуд, ки ӯро ба қатли 14 ҳамхидматаш муттаҳам мекунанд. Додгоҳи низомии шаҳри Талдиқурғон, маҳалли баргузории мурофиаи Владислав Челахро таъйин хоҳад кард, ки қатли 14 марзбони қазоқ ва як ҷангалбони дигар дар моҳи майро кори дасти ӯ медонанд. Худи Владислав Челах дар аввал ин гуноҳро эътироф карда ва сипас гуфтааст, ки ба далели фишор масъулияти ин куштори дастаҷамъиро бар дӯш гирифтааст. Хабарнигори Радиои Озодӣ мегӯяд, ки дар муҳокимаи имрӯза, раиси додгоҳ тақозои вакили дифоъи Владислав Челах барои тафтиши изофӣ ва сабти ҷараёни муҳокимаро рад кард. Муҳокимаи асосӣ мумкин аст, дар шаҳри Талдиқурғон, маҳалли ҳодиса ва ё шаҳри Алмаато баргузор шавад.
XS
SM
MD
LG