Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳимояти ИМА аз гурӯҳи навтаъсиси мухолифони Сурия


Ҳукумати Амрико гуфтааст, ки аз эътилофи нави фарогири гурӯҳҳои мухолифи давлати Сурия ҳимоят мекунанд. Гурӯҳу ҷараёнҳои парокандаи мухолифи Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия, рӯзи якшанбе дар Доҳа, пойтахти Қатар мувофиқат карданд, ки дар як гурӯҳ муттаҳид шаванд. Гурӯҳи мазкур Эътилофи Миллии Нерӯҳои Мухолиф ва Инқилобии Сурия унвон гирифта ва онро Муъоз ал-Хатиб як рӯҳонии суннитабор раҳбарӣ мекунад. Марк Тонер, сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико, рӯзи якшанбе гуфт, ҳукумати кишвараш омодаи ҳамкорӣ бо ин гурӯҳ аст. Эътилофи Миллии Нерӯҳои Мухолиф ва Инқилобии Сурия ҳамчунин ба созиш расиданд, ки гурӯҳҳои шӯриширо зери як фармондеҳӣ ҷамъ биёранд ва дар маҳалҳои таҳти тассаруфи шӯришиён ниҳодҳои миллии додгоҳӣ таъсис диҳанд. Муассисони гурӯҳ ҳамчунин ваъда додаанд, ки дар сурати эътироф шудан аз тарафи ҷомеаи байналмилалӣ, ҳукумати муваққат таъсис хоҳанд дод.
XS
SM
MD
LG