Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

6 узви "Ҳизби наҳзати исломӣ" боздошт шудаанд


Мақомоти Русия дар Маскав 6 нафар аъзои созмони экстремистии «Ҳизби наҳзати исломӣ»-ро боздошт кардаанд. Тавре сомонаи расмии Вазорати умури дохилии Русия хабар медиҳад, «Ҳизби наҳзати исломӣ» аз ҷониби додгоҳ дар ҳудуди ин кишвар «терористӣ» эълон шуда, фаъолияташ манъ шудаст. Мақомоти Русия мегӯянд дар паи чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ муайян кардаанд, ки аъзои «Ҳизби наҳзати исломӣ» дар масҷидҳои шаҳри Маскав ташвиқот бурда, ба паҳн намудани адабиёти экстремистӣ машғул будаанд. Масъулини умури дохилии Русия хабар медиҳанд, ки дар ҷои зисти боздоштшудагон силоҳ дарёфт шудааст ва айни ҳол тафтишот аз рӯи ин қазия идома дорад.
XS
SM
MD
LG