Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайати парлумонии Тоҷикистон озими Бруссел шуд


Ҳайати парлумонии Тоҷикистон бо раҳбарии муовини авали раиси Маҷлиси Намояндагони Маҷлисии Олии Тоҷикистон Амиршоҳ Миралиев, озими Бруссел шуд. Дар ин ҳайат, ки барои иштирок дар нишасти кори гурӯҳи парлумонии Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Бруссел сафар карданд, вакилон парлумон Галия Рабиева ва Рустам Латифов низ шомил мебошанд. Дар ин нишаст, ки то рӯзи 14-уми ноябр идома мекунад, масоили ҳамкории парлумонии Аврупо ва Осиёи Марказӣ баррасӣ хоҳад шуд. Дар ҳошияи ин нишаст, мулоқоти ҳайати Тоҷикистон бо ҳамтоёни аврупоии худ дар назар аст.
XS
SM
MD
LG