Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин машғулияти омӯзишӣ бо сагҳои бӯйгир


Оҷонсии назорат бар гардиши маводи мухаддири Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Созмонҳои байналмилалии мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар Маркази кинологӣ (маркази сагҳои бӯйгир), дар мавзеи Лучоб, давраҳои омӯзишӣ барои кинологоҳоро оғоз кард.

Рустам Қодирқулов, сардори Шуъбаи кинологҳои Оҷонсии мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, гуфт, дар ин давраи омӯзишӣ намояндагони Хадамоти гумрук, Вазорати умури дохилӣ, Раёсати марзбонӣ ва ниҳодҳои дигари амниятӣ ширкат доранд. Ба қавли ӯ, феълан дар ин марказ 12 саг ва маҷмӯан дар Тоҷикистон 19 саги бӯгир нигоҳдорӣ мешаванд. Ба қавли Қодирқулов дар бахши кинологӣ ин нахустин давраи омузишӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад.

Дар ҷараёни муаррифии ин барнома намояндагони Созмони милали муттаҳид ва сафоратҳои муқими Тоҷикистон ширкат карданд. Қарор аст пас аз анҷоми ин давраи омузишӣ, ки то 23-юми ноябр идома меёбад, мутахассисони ниҳодҳои Афғонистон ҷалб шаванд.

Масъулин дар миёни сагҳои бӯгир «Лаккӣ», навъи спаниели англисиро ном мебаранд, ки бештар фаъол буда, тӯли фаъолияташ 450 кило маводи мухадирро «кашф» кардааст.

Ҳамчунин саги бӯгири дигар бо лақаби "Алла" дар наздикии деҳаи Кишти ноҳияи марзии Шӯрообод, дар моҳи августи соли равон аз як пинҳонгоҳ халтаҳои бангдона (маводи мухаддир)-ро кашф кард, ки ҳаҷми умумии онҳо ба 101 кило баробар будааст.
XS
SM
MD
LG