Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Варзишгари маълул барои Олимпиада роҳкиро надорад


Ҳусейн Хоҷаев, варзишгари маъюби тоҷик барои иштирок дар Олимпиадаи байналмилалӣ роҳкиро надорад
Ҳусейн Хоҷаев, варзишгари маъюби тоҷик барои иштирок дар Олимпиадаи байналмилалӣ роҳкиро надорад

Мактаб-интернати рақами 3-и Душанбе аз кӯдакони имконияташон маҳдуд омода намудани варзишгаронро аз самтҳои асосии фаъолияти худ медонад.

Ҳусейн Хоҷаев, хонандаи синфи 7-и ин мактаб-интернат дар баробари таҳсил боз ба варзиш машғул аст. Ӯ яке аз чаҳор нафар наврасони имконияти зеҳниашон маҳдуд аст, ки ба Олимпиадаи махсуси байналмилалӣ аз рӯи намуди лижаронӣ роҳхат гирифтааст.

Ҳусейн дар сабқати лижаронӣ миёни наврасони имконияташон маҳдуд моҳи декабри соли гузашта дар урдугоҳи лижаронии Сафедорак ғолиб омада, ин роҳхатро ба даст овардааст. Дар назар аст, Олимпиадаи махсуси байналмилалӣ моҳи феврали соли 2013 дар Кореяи Ҷанубӣ баргузор шавад.

Гулчеҳра Қадамова, раҳбари интернати махсуси рақами №3 мегӯяд, ҳамаи тарбиятгирандагони ин дабистон то соати 2-и рӯз таҳсил мекунанд ва баъди он ба намудҳои гуногуни варзиш машғул мешаванд. Ба гуфтаи ӯ, машғул шудан ба варзиш ба солимии ин тоифа кӯдакону наврасон, ки умдатан камҳаракатанд мусоидат мекунад: "Албатта, қоидаҳои варзишии кӯдакони мо аз наврасони солим фарқ дорад. Мо мекӯшем, ба он варзишҳое кӯдакони интернатро машғул дорем, ки онҳо имконияти бозӣ кардан дошта бошанд. Масалан агар кӯдакони солим ба масофаи 100 метр, 500 метр ва 1 километр даванд, кудакони интернати мо дар масофаи 20 метр, 30 метр ё аз ҳама зиёд 100 метр медаванд."

Хонум Қадамова мегӯяд, аз ғолибият дида бештар иштироки кӯдакони имконияташон маҳдуд дар сабқатҳои байналмилалӣ муҳим аст. Чунки тавре мушоҳида мешавад, ин наврасон пас аз иштирок дар сабқатҳои байналмилалӣ хеле рӯҳбаланд ва дилашон ба зиндагӣ гарм мешавад.

Дилбар Шарифова
Дилбар Шарифова
Дилбар Шарифова, мураббии хидматнишондодаи Тоҷикистон ва роҳбари Олимпиадаи махсуси Тоҷикистон, мегӯяд, дар олимпидаи махсуси зимистонаи қаблӣ, ки дар шаҳри Бойсеи иёлати Айдаҳои Амрико баргузор гашта буд, наврасони имконияти зеҳниашон маҳдуд аз Тоҷикистон аз рӯи намуди лижаронӣ чор медали тилло ба даст оварданд: "Бо назардошти дастовардҳои мо кумитаи байналмиллалии Олимпиадаи махсус ба Тоҷикистон боз ду роҳхат бештар дод. Яъне чор роҳхат барои лижаронон ва боз ду роҳхати дигар барои духтарон иловатан ҷудо карда шуд."

Аммо Шарифова иброз дошт, Олимпиадаи махсуси Тоҷикистон барои равон кардани варзишгарони имконияташон муҳдуд ба Кореяи Ҷанубӣ маблағи кофӣ дар даст надорад. Ба гуфтаи Шарифова мувофиқи қоида давлати баргузоркунандаи олимпидаи махсус ғайр аз роҳкиро дигар ҳамаи хароҷоти будубоши варзишгаронро дар дохилаш бар ӯҳда мегирад: "Мо мехостем, ки ниҳодҳои дахлдор моро барои сафарбар кардани варзишгарон ба олимпиадаи махсуси зимистона кӯмак кунанд. Ҳоло бошад ба чанд ниҳод мактуб фиристодем то моро дастгирӣ кунанд. Варзишгарони имконияти зеҳниашон маҳдуди мо ҳатман бояд дар ин сабқати байналмилалӣ иштирок кунад."

Дилбар Шарифова афзуд, кӯдакони имконияти зеҳниашон маҳдуд танҳо дар варзиш метавонанд байни ҳам сабқат карда, маҳораташонро нишон диҳанд. Дар дигар самтҳо мисли олимпиадаҳои фаннӣ, озмунҳои мусиқӣ ва зеҳнӣ онҳо имкони сабқат карданро надоранд. Танҳо варзиш онҳоро ба ҷамъият наздик карда, тану рӯҳашонро нисбатан солим нигоҳ медорад.

Сар аз соли 1995 Тоҷикистон узви Олимпиадаи махсуи байналмилалӣ – «Спешиал олимпикс Интернешнл» аст ва дар Тоҷикистон ташкилоти ғайридавлатии хайриявии Олимпиадаи махсуси Тоҷикистон фаъолият мекунад. Ниҳоди мазкур 20 ҳазор кӯдакони имконияти зеҳниашон маҳдудро бо 13 намуди варзиш фаро гирифтааст.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
XS
SM
MD
LG