Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юнон идомаи коҳиши хароҷотро тасдиқ кард


Эътироз дар назди бинои парламенти Юнон
Эътироз дар назди бинои парламенти Юнон
Парламенти Юнон буҷети соли 2013-умро, ки идомаи коҳиши хароҷоти ҳукуматро мадди назар дорад, ба тасвиб расонда, имкони раҳоӣ аз варшикастагии молии ин кишварро афзоиш дод. Субҳи рӯзи душанбе баъди баҳси чоррӯза 300 вакили мардумии эътилофи ҳокими Юнон буҷетро тасдиқ карданд. Имрӯз вазирони молияи кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дар Брусел ҷамъ шуда, аз ҷумла вазъи Юнонро баррасӣ мекунанд. Дар ҳамин ҳол вазири молияи Олмон Волфганг Шоубле мегӯяд, қарздиҳандагони байналмилалии Юнон дар тахсиси қарз ба ин кишвар саросема намешаванд.
XS
SM
MD
LG