Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Словения дар даври дуюм интихоб мешавад


 Борут Паҳор
Борут Паҳор
Президенти Словения дар даври дуюми интихоботи раёсатҷумҳурӣ муайян мешавад. Дар овоздиҳии рӯзи якшанбе собиқ сарвазир ва раҳбари ҳизби сотсиал демократи ин кишвар Борут Паҳор бо 40 дар сади раъйҳо ҷои аввалро ишғол намуд, вале тибқи қонунҳои Словения дар даври аввал фақат номзаде президент дониста мешавад, ки агар беш аз 50 дар сади райъҳоро касб карда бошад. Даври дуюми интихобот 2-уми декабр доир шуда, дар он Паҳор бо Данило Турк, ки дар даври аввал бо 35 дар сади овозҳо ҷои дуюмро ишғол намудааст, рақобат хоҳад кард. Президенти Словения салоҳиятҳои зиёд надорад.
XS
SM
MD
LG