Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия дар ташхиси сабаби марги Арафот саҳм мегирад


Маҳмуд Аббос
Маҳмуд Аббос
Раҳбари фаластиниҳо Маҳмуд Аббос мегӯяд, ки моҳи равон коршиносони Русия ба гурӯҳи мутахассисони Швейтсария ва Фаронса ҳамроҳ шуда, дар берунории ҷасади собиқ раҳбари фаластиниҳо Ёсир Арафот аз қабр ва ташхиси сабаби воқеии марги ӯ саҳм мегиранд.
Ба қавли Аббос ширкати Русия имкон хоҳад дод, ки дар бораи марги собиқ раҳбари фаластиниҳо далелҳои нав пайдо шаванд. Арафот моҳи ноябри соли 2004-ум дар яке аз шифохонаҳои Фаронса ба ҳалокат расид. Он замон гуфта буданд, ки сабаби марги ӯ сактаи дил аст. Аммо дар бораи беморие, ки ҳафтаҳои ахири ҳаёташ Арафотро азият медод, ҳеҷ гоҳ иттилои дақиқ нашр нашуда буд. Тасмими муоинаи нави ҷасади Арафот баъди он гирифта шуд, ки як лабораторияи швейтсарӣ дар либоси Арафот нишонаҳои шуои радиоактивӣ пайдо намуда, сару садо дар бораи заҳролудшавии Арафотро афзоиш дод.
XS
SM
MD
LG