Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Афғонистон боз як сарбози НАТО кушта шуд


Паймони НАТО мегӯяд, ки рӯзи якшанбе шахсе бо либоси сарбози афғон дар тан яке аз низомиёни нерӯҳои байналмилалии кумаки амниятӣ ба Афғонистон (ISAF)-ро ба қатл расонд. Сухангӯи нерӯҳои байналмилалӣ Ҳаген Мессерс мегӯяд, то ҳол маълум нест, ки ин шахс воқеан сарбоз буд ё не? Баъди куштор масъули ҳамла дастгир шудааст. Нерӯҳои байналмилалӣ дар бораи шаҳрвандии қурбонӣ чизе нагуфтаанд. Муҳаммад Зарак-сухангӯи волии вилояти ҷанубии Ҳилманд изҳор намуд, ки бархӯрд дар минтақаи Нод Алӣ ба вуқӯъ пайваст. Дар давоми соли равон камаш 57 сарбози нерӯҳои байналмилалӣ дар ҷараёни ҳамлаҳои дохилӣ, яъне аз дасти сарбозони афғон ва ё афроди либоси низомии афғонӣ дар тан кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG