Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Украина натиҷаҳои ниҳоии интихобот эълон шуданд


Комиссиюни марказии интихоботии натиҷаҳои ниҳои интихоботи парлумониро эълон кард. Ба Верховная Рада 445 вакил интихлб шудаанд – 185 нафар аз Ҳизби манотиқ, 101 нафар аз ҳизби Баткившина, 40 нафар аз ҳизби УДАР., 32 нафар аз ҳизби коммунист ва 27 нафар аз ҳизби миллатгарои “Озодӣ”. Ҳафт вакил аз дигар ҳизбҳо шомили парлумон шудаанд, Ҳамчунин 43 номзад аз тариқи худпешбарӣ мандати вакили папрлумонро дарёфт кардаанд.

Дар панҷ ҳавзаи якмандата КМИ Украина барандаро муқаррар карда натавонист ва Верховная Рада тавсия дод, ки дар ин ҳавзаҳо интихоботи такрорӣ доир карда шавад.
XS
SM
MD
LG