Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бархӯрди курдҳо ва нерӯҳои амниятии Туркия дар Ҷизра


Дар ҷануби Туркия миёни курдҳо ва нерӯҳои амниятӣ бархӯрд ба вуқӯъ пайваст. Ҳазорон сокинони курди вилояти шимолу шарқии Ҷизра ба нишони ҳамраъйӣ бо маҳбусони гуруснанишин ба хиёбонҳо рехтанд.

Дар манотиқи курднишини Туркия авзоъ баъди он ноором шуд, ки ду моҳ пеш тақрибан 700 маҳбуси курд дар беш аз 50 маҳбас аз ғизо даст кашиданд. Ба онҳо шаш сиёсатмадори аршади курд ҳам ҳамроҳ шуданд. Эътирозгарон аз ҳукумати Раҷаб Тайиб Эрдуғон талаб доранд, ки дастрасии вакили дифоъ ба раҳбари зиндонии Ҳизби коргарони Курдистон Абдулло Оҷалонро таъмин кунад. Оҷалон барои ҳабси абад маҳкум шудааст.

Дар 28 соли муқовимати мусаллаҳонаи ҷудоихоҳони курд бо мақомоти Туркия тақрибан 40 ҳазор нафар ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG