Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷорҷ Энтуисл аз мақоми мудири кулли ВВС истеъфо дод


Ҷорҷ Энтуисл

Ҷорҷ Энтуисл

Мудири куллии шабакаи бритониёвии ВВС ("Би-Би-Си") Ҷорҷ Энтуисл баъд аз моҷарои пурсару садои иттиҳоми бардурӯғ алайҳи лорд Макэлпайн дар яке аз барномаҳои шабака ба истеъфо рафт.

2 ноябр дар барномаи шомгоҳии ВВС Newsnight як тарбиятгирандаи собиқи хонаи кӯдакон дар Уэлс як сиёсатмадори маъруфро дар он айбдор кард, ки солҳои 70-ум ва 80-ум бо тарбиятгирандагони хонаи кӯдакон робитаи ҷинсӣ дошт. Хабарнигорон муқаррар карданд, ки гап дар бораи лорд Макэлпайн, мушовири собиқи нахуствазири пешини Бритониё Маргарет Тэтчер, меравад.Аммо маълум шуд, ки иттиҳом бофта аст ва инро худи тарбиятгирандаи собиқи хонаи кӯдакон ҳам иқрор намуд.

Ҷорҷ Энтуисл, ки ҳамагӣ ду моҳ пеш раҳбари "Би-Би-Си" таъин шуда буд, барномаро "иштибоҳӣ ва ғайри қобили қабул" номид. Дар изҳороти худ ӯ таъкид кардааст, ки чун мудири кулл масъулияти пахши барномаро пурра бар дӯш мегирад ва дар вазъи ба вуқӯъпайваста истеъфоро авлотар мехонад.
XS
SM
MD
LG