Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Рӯзи шанбе натиҷаҳои ниҳоии интихоботи раёсатҷумҳурии ИМА эълон шуданд. Дар охирин аёлат Флорида, ки раъйдиҳӣ фақат як рӯз пеш натиҷагирӣ шуд, бо бартарии андак Барак Обама ғолиб омад - ба ӯ 50 дар сад ва ба рақибаш Мит Ромнӣ 49,1 дар сади афроди соҳиби ҳаққи раъй овоз додаанд ва аз ин рӯ овозҳои ҳама аъзои коллегияи интихобкунандагон дар ихтиёри Обама қарор гирифтанд.

Ҳамин тариқ, раисиҷумҳурии ИМА ба 322 раъйи интихобкунандагон соҳиб шуд, Митт Ромнӣ фақат 206 овоз гирифт.
XS
SM
MD
LG