Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё Ғарб таҳримҳо алайҳи Эронро коҳиш медиҳад?


Мақомоти амрикоӣ мегӯянд, ки давлати Обама гузинаи наверо дар баробари музокироти ҳастаӣ бо Эрон баррасӣ мекунад.

Тибқи иттилои хабаргузории Ассошиэйтед Пресс, дар чаҳорчӯби ин пешниҳоди нав, дар сурати мувофиқати Эрон ба мутаваққиф кардани бахшҳое аз фаъолиятҳои ҳастаии худ, Ғарб низ ҳозир хоҳад буд фишори таҳримҳоро коҳиш диҳад.

Ин матлабро мақомҳои амрикоӣ, ки нахостанд номашон фош шавад, рӯзи шанбе ба Ассошиэйтед гуфта ва афзуданд, ки ин гузина яке аз чандин гузинае аст, ки пеш аз оғози давраи баъдии музокирот бо Эрон, рӯи даст аст. Ба гуфтаи ин мақомот, дар ин гузина аз Эрон хоста мешавад то ғанисозии ураниюмро мутаваққиф кунад, захираи феълии ураниюми худро ба хориҷи кишвар бифиристад ва фаъолият дар таъсисоти зеризаминии Фордуро ба таъхир андозад.

Дар сурати ҳамкории Эрон, Амрико ва Аврупо низ ваъда хоҳанд дод то шиддати таҳримҳои худ алайҳи содироти нафти Эрон ва дигар ҳавзаҳоро коҳиш бидиҳанд.
Ҷузъиёти ин гузинаи пешниҳодии нав ҳанӯз номаълум аст, аммо ба гуфтаи ин мақомҳои амрикоӣ, он ба гунае таҳия шудааст, ки «Ин тавр фаҳмида нашавад, ки ҳеҷ як аз тарафайн дар баробари дигаре кӯтоҳ омадааст.»

Сарпечиҳои Теҳрон аз таваққуфи барномаи ҳастаӣ, то кунун ба афзоиши пайдарпайи таҳримҳо алайҳи Эрон анҷомида ва дар охирин талош, қонунгузорони амрикоӣ рӯзи ҷумъа эълом карданд, ки дар ҳоли таҳияи бастаи таҳримҳои наве алайҳи Эрон ҳастанд, ки дар сурати тасвиб, доираи тиҷорати ғайри нафтии Эронро бо маҳдудиятҳои сахттаре рӯбарӯ мекунад. Дар ҳамин рӯз Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико фармони вазъи изтирорӣ дар баробари Эронро, ки нахустин бо дар ноябри соли 1979 содир шуд, барои як соли дигар тамдид кард.

Як рӯз пеш аз он низ вазорати хазонадории Амрико 17 фард ва ниҳодҳои давлатӣ дар Эронро ба далели нақзи ҳуқуқи башар, ҳимоят аз терроризм ва робита бо Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, таҳрим кард. Даври нави музокироти ҳастаӣ миёни Эрон ва Оҷонсии байналмилалии энержии ҳастаӣ, қарор аст моҳи оянда дар Теҳрон баргузор шавад.
XS
SM
MD
LG