Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии Русия аз рад шудани дархости истирдоди Бут


Русия барои ба ватан баргардонидани тоҷири рус Виктор Бут аз ҳама чораҳои дипломативу ҳуқуқӣ кор мегирад. Ин изҳороти намояндаи вазорати умури хориҷии Русия Константин Долгов дар ташреҳи аз сӯи вазорати адлияи ИМА рад шудани дархости дар ихтиёри Маскав гузоштани Виктор Бут садо дод. Ба гуфтаи Долгов, Маскав аз ин тасмим нигарон шудааст.

Имрӯз вазорати адлияи Амрико эълом дошт, ки дархости Маскав барои дар Русия идома ёфтани мӯҳлати ҷазои Бутро рад кардааст.

Виктор Бут, ки зимнан, зодаи Тоҷикистон аст, бо иттиҳоми фурӯши силоҳ ба гурӯҳи ФАРК-и Колумбия аз сӯи додгоҳи ИМА ба мӯҳлати 25 сол равонаи зиндон шудааст. Амрико ин гурӯҳро террористӣ мехонад.

Дархости навбатӣ дар бораи баргардонидани Виктор Бут фақат баъд аз ду сол метавонад ироа шавад.
XS
SM
MD
LG