Пайвандҳои дастрасӣ

Аҳли ҷаҳон ба ҳимоят аз Малола садо баланд мекунад


Малола Юсуфзайи 15-сола

Малола Юсуфзайи 15-сола

10-уми ноябр аз сӯи Созмони Милал Рӯзи ҷаҳонии пуштибонӣ аз духтараки покистонӣ Малола Юсуфзай эълон шудааст.

Мақомоти Покистон ба хонаводаҳои фақиру камбизоат, ки фарзандонашон ба мактаб мераванд, идрорпулӣ э стипендия хоҳанд дод. Дар ин бора Исломобод рӯзи шанбе, 10-уми ноябр, аз сӯи Созмони Милали Муттаҳид Рӯзи ҷаҳонии пуштибонӣ аз духтараки покистонӣ Малола Юсуфзай ва таҳсили духтарон эълон шудааст, тасмим гирифт.

Малола Юсуфзай барои талошҳои ба мактаб рафтани духтарони водии Свот аз сӯи Толибон маҷрӯҳ шуд. Дар як нома бо даъвати додани идрорпулӣ ба хонаводаҳои фақир дар Покистон беш аз як миллион нафар имзо гузоштанд.
Раисиҷумҳури Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ ҳам ин номаро имзо кард.

Аз ин пеш, фиристодаи вижа ё хоси Созмони Милал дар умури таҳсилу тадрис, нахуствазири пешини Бритониё Гордон Браун, дар мулоқот бо раҳбарони Покистон дар Исломобод мавзӯи ба таҳсил фаро гирифтани ҳама духтарони кишварро баррасӣ намуд.

Айни ҳол Малола Юсуфзай дар бемористони шаҳри Бирмингеми Бритониё таҳти назорати табибон қарор дорад.

Матолиби бештар дар бораи Малола Юсуфзай:

Маросиме ба ифтихори Малола Юсуфзай дар СММ

Малоларо барои табобат ба Бритониё фиристоданд

Малола - рамзи муқовимат бо Толибон

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои
Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG