Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ироқ аз харидории силоҳи Русия сарпечӣ кард


МиГ-29
МиГ-29
Ироқ созиш бо Русия дар бораи хариду фурӯши силоҳи ба маблағи беш аз 4 миллиард долларро лағв кард. Сухангӯи нахуствазири Ироқ, изҳор намуд, ки ин тасмим дар робита "ба нигарониҳо аз фасод" гирифта шудааст.

Созиш дар бораи аз сӯи Бағдод харидорӣ шудани силоҳи русӣ, аз ҷумла, ҳавопаймоҳои ҷангии МиГ-29 ва системи зидди ҳамлаи ҳавоӣ, моҳи гузашта дар ҷараёни сафари нахуствазири Ироқ Нурӣ ал-Моликӣ ба Маскав имзо шуда буд.Аммо чанде баъд Ал-Моликӣ талаб кард, ки дар робита ба ин созиш тафтишот гузаронида шавад. Алҳол маълум ннст, ки мақомоти Ироқ киҳоро дар фасод гумонбар мехонанд.

Як узви кумитаи дифоъ ва амнияти парлумони Ироқ ба хабаргузороиҳо гуфт, ки Бағдод мехоҳад бо Маскав дар бораи харидории силоҳи муосиртар музокирот кунад.
XS
SM
MD
LG