Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

34 миллион доллар кӯмаки ИМА ба паноҳандагони суриягӣ


ИМА эълом дошт, ки барои кӯмак ба паноҳандагони суриягӣ 34 миллион доллар ихтисос додааст. Маблағи умумие, ки то имрӯз Вошинтон барои фирориён аз манотиқи ҷангзадаи Сурия ҷудо кардааст, беш аз 165 миллион долларро ташкил медиҳад.

Дар изҳороти вазорати умури хориҷии ИМА гуфта шудааст, ки бахши навбати кӯмаки башардӯстона аз либоси гарм ва болопӯшҳо иборат аст, то паноҳандагон аз сардӣ азият накашанд.

Ба иттилои СММ, фақат шабонарӯзи гузашта Сурияро тақрибан 11 ҳазор нафар тарк намуданд. Бештари онҳо дар қаламрави Туркия паноҳ ёфтаанд.Айни ҳол дар Туркия, Лубнон, Ироқ ва кишварҳои шимоли Африқо беш аз 400 ҳазор суриягиҳои аз ҷанг фироркарда ба сар мебаранд.
XS
SM
MD
LG