Пайвандҳои дастрасӣ

Барак Обама аз генерал Петреус сипосгузорӣ кард


Барак Обама бо Дэвид Петреус (Акс аз бойгонӣ)

Барак Обама бо Дэвид Петреус (Акс аз бойгонӣ)

Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида ба фаъолияти Дэвид Петреус, ки аз мақоми раҳбари СIA канор рафт, баҳои баланд дод.

Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ва аъзои Конгресс - намояндагони ҳарду ҳизби асосии кишвар, ба фаъолияти генерал Дэвид Петреус, ки ахиран аз мақоми раиси Хадамоти марказии кашфи Амрико ё СРУ ба истеъфо рафт, баҳои баланд доданд.

Дар изҳороти Обама гуфта шудааст, ки "Петреус чанд даҳсола ба ватанаш хидмат кард ва дар нерӯмандтару амнтар шудани он саҳм гирифт". Дэвид Петреус бар асари робитаи номашрӯи маҳрамона мақомашро тарк намуд.

Ӯ моҳи сентябри соли гузашта раиси СРУ, Хадамоти марказии кашфи Иёлоти Муттаҳиддла, таъйин шуд. Аз ин пеш, Петреус фармондеҳии нерӯҳои амрикоӣ дар Ироқу Афғонистонро бар ӯҳда дошт. Хабаргузории Ассошиейтед-Пресс навиштааст, генерал Петреус рӯзи панҷшанбеи 8-уми ноябр ба Барак Обама, ки барои чаҳор соли дигар раисиҷумҳури Амрико интихоб гардид, номаи истеъфои худро таслим кардааст.

Худи ӯ рӯзи ҷумъаи нуҳуми ноябр пас аз дарёфти посухи расмии раисиҷумҳури Амрико гуфт, дар “қазовати худ бисёр заиф” амал кардааст. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, чунин рафторе ба унвони раҳбари як созмоне чун созмони иттилоот (CIA) ва як ҳамсар ғайри қобили қабул аст.

Генрал Петруес 37 сол пеш бо Ҳоллӣ Петреус издивоҷ кардааст. Ӯ он замон донишҷӯи донишкадаи афсарӣ дар Академияи низомии Иёлоти Муттаҳида буд. Ҳоло расонаҳои амрикоӣ ному насаби маъшуқаи Петреусро ошкор карданд, ки ӯ Паула Броадвелл, муаллифи китоб дар бораи тарҷумаи ҳоли генерал Петреус мебошад.

Ахиран Бюрои федеролии тафтишоти Амрико тафтиши почтаи электронии раиси пешини СРУ-ро шурӯъ кард, зеро хабар ёфт, ки хонум Броадвелл ба ин почта ва ба баъзе номаҳои комилан махфӣ дастрасӣ дошт. Майкл Моррелл, муовини генерал Петреус муваққатан раҳбари Хадамоти марказии кашфи Амрико таъйин шуд.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед
XS
SM
MD
LG