Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар як рӯз аз Сурия ба Туркия 9000 нафар паноҳ бурданд


Дар як шабонарӯзи гузашта ҳазорон нафар паноҳҷӯёни Сурия аз манотиқи даргириҳо фирор карданд ва ба Туркия паноҳ бурданд. Матбуоти давлатии Туркия аз қавли мақомоти ин кишвар хабар додаанд, ки дастикам 9 ҳазор паноҳҷӯ рӯзи панҷшанбе аз марз гузаштаанд.

Дар миёни онҳо 26 нафар афсари Сурия, аз ҷумла 2 генерал низ будаанд. Бино ба хабарҳои матбуотӣ, дар давоми як моҳи ахир ин бузургтарин фирор аз ҳайати нируҳои Сурия будааст.

Ҳоло Туркия ба 112 000 нафар сокинони фирории Сурия паноҳ додааст.
XS
SM
MD
LG