Пайвандҳои дастрасӣ

Тағироти кадрӣ дар баъзе вазорату идораҳои Тоҷикистон


Рӯзи ҷумъа Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар таркиби роҳбарии баъзе вазорату идораҳо тағйирот ворид кард.

Бо қарорҳои Ҳукумати кишвар мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати иқтисодӣ Неъматҷон Буриев муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо, муовини Вазири адлия Абдуманон Холиқов муовини якуми Вазири адлия ва мудири шуъбаи назорати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаким Мирсаев муовини вазири адлия таъин гардиданд.

Каримҷон Азизов муовини якум ва Шоҳона Одинаева муовини директори телевизиони Сафина таъин шуданд.

Муҳаммад Ғойиб, ки қаблан Директори Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон буд, cармуҳаррири рӯзномаи "Ҷумҳурият" таъин гардид.
XS
SM
MD
LG