Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикони Қирғизистон беминбар мемонанд


Равшан Собиров, вазири тоҷиктабори Қирғизистон, ки айни ҳол дар ришвахурӣ муттаҳам мешавад.

Равшан Собиров, вазири тоҷиктабори Қирғизистон, ки айни ҳол дар ришвахурӣ муттаҳам мешавад.

Боздошти Равшанбек Собиров, раиси Иттиҳоди тоҷикони Қирғизистон, ягона нашрияи тоҷикии ин кишварро ба завол рӯ ба рӯ кардааст.

Тоҷикони муқими Қирғизистон аз эҳтимоли басташавии ягона нашрияи тоҷикӣ дар ин кишвар изҳори нигаронӣ мекунанд.

Нашрияи «Паёми Ала-тоо» пас аз боздошти Равшанбек Собиров, раиси Иттиҳоди Тоҷикони Қирғизистон ва вазири рушди иҷтимоии ин кишвар, ки дар ришвахорӣ мутаҳҳам мешавад, дучори мушкил шудааст. Ин нашрияи тоҷикиро маҳз Равшанбек Собирови тоҷиктабор таъмини молӣ мекард.

Қодиршоҳи Мурувват, сардабири «Паёми Ала-тоо» дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт: «Чанд моҳи охир мо, ки бо мушкилоти ба истилоҳ «объективӣ» ва камбуди маблағ натавонистем, ба чопи нашрияи «Паёми Ала-тоо» иқдом кунем. Эҳтимоли аз фаъолият мондани он вуҷуд дорад, ки ба суди тоҷикони Қирғизистон нест.»

Қодиршоҳи Мурувват

Қодиршоҳи Мурувват

Тоҷикони Қирғизистон аз ҳукумати Тоҷикистон ҳам интизори кӯмаканд, зеро ба иддаои онҳо, танҳо обуна наметавонад, хароҷоти молиро пӯшонад. Мавлонҷон Абдураззоқов, раиси маркази фарҳангии тоҷикони ҷамоати Учқӯрғони Қирғизистон мегӯяд: «Дар қаламрави Учқӯрғон зиёда аз сӣ ҳазор тоҷик аст. Ба ду- се газет халқи мо муҳтоҷ аст. Нав худшиносӣ пайдо карда истодаанд. «Паёми Ала-тоо» шуурнокӣ ва худшиносии халқи моро боло бурд. Ин як байрақи муборизаи мо буд барои худшиносии миллатамон. Бо обуна аз ҷиҳати молиявӣ таъмин кардан мушкилтар аст, чунки худшиносии тоҷикон тоза боло меравад.»

«Паёми Ала-тоо» аз 15 сентябри соли 2008 аз сӯи Иттиҳодияи тоҷикони Қирғизистон чоп мешуд ва то имрӯз 29 шумораашро ба дасти хонандагон расондааст. То кунун «Паёми Ала-тоо» дар миёни тоҷиктаборони Қирғизистон ба таври ройгон паҳн мегардид. Саидазим Пӯлодӣ, як равшанфикри тоҷиктабор пиромуни нақши ин нашрия мегӯяд: «Барои паҳн кардани забону фарҳангу маданият аҳамияти вай калон буд.»

Фарида Абуҷалилова, аспиранти Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон, ки ҳаёти тоҷикони Қирғизистон мавзӯи кори номзадиаш мебошад, бар ин назар аст, ки дар воқеъ «Паёми Ала-тоо» дар пӯшиши ҳаёти тоҷитаборони Қирғизистон саҳми боризе дорад: «Ман қариб тамоми шумораҳои ин моҳвораро дар даст дорам. Ҳар касе онро мехонад, маълумоти зиёде оид ба тоҷикони Қирғзистон хоҳад гирифт. Бо Равшанбек Собиров

Равшанбек Собиров

вуҷуди он ки дар худшиносии тоҷикони Қирғизистон нақш дошт, проблемаву норасоии онҳоро низ баррасӣ мекард. Ҳамчунин як майдони эҷодӣ барои рушанфикрони ҳамтабори мо гашта буд.»

Вазъи мушкили “Паёми Алатоо” дар ҳолест, ки қарор аст, додгоҳ рӯзи душанбеи 12-уми ноябр муҳокимаи парвандаи ришвахории ҳомии асосии ин нашрия Равшанбек Собировро ба поён расонад. Собиров, ки дар ҳукумати Омурбек Бобанов мақоми вазири рушди иҷтимоиро дошт, дар моҳи июн бо иттиҳоми ришваҷӯӣ дастгир шуд ва ӯро баъди чанд рӯз то муҳокимаи парвандааш шартан раҳо карданд.

Феълан, дар Қирғизистон бар пояи омори расмӣ беш аз 55 ҳазор тоҷик зиндагӣ мекунад. Онҳо асосан, дар минтақаҳои Учқӯрғон, Лайлак, Андарак, Ҳайдаркон ва Қаросӯ ба сар мебаранд.

Фирдавси Низом

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG