Пайвандҳои дастрасӣ

Варзишгарони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии гуштии камарбандӣ, ки дар шаҳри Уфаи Бошқирдистони Русия шурӯъ шуд, ширкат доранд.

Ин мусобиқаи ҷаҳонӣ бо иштироки 120 гуштигир аз 22 кишвар - Арманистон, Белорус, Русия, Гурҷистон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Исроил, Қирғизистон, Латвия, Муғулистон, Норвегия, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Эстония, Юнон ва ғайра баргузор шудааст.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 9 нафар шомиланд. Онҳо дар сабқати мардон дар ҳафт вазн аз рӯи услуби классикӣ ва озод рақобат мекунанд.

Ба иттилои Сафар Тошмуродов, мураббии гуштии камарбандӣ, варзишгарони тоҷик барои бори севум дар Ҷоми ҷаҳонӣ ширкат меварзанд. Дар мусобиқаи соли гузашта паҳлавонони тоҷик ду медали нуқра ва ду нишони биринҷӣ ба даст оварда буданд.
Маҳмад Миров, аз ноҳияи Мастчоҳ, дар рақобатҳо дар вазни то 100 килограмм ва Хуршед Шарифов, аз ноҳияи Ҷаббор Расулов, дар вазни то 90 килограмм барандагони медалҳои нуқраи Ҷоми ҷаҳон шудаанд.

Самандар Эрназаров дар вазни беш аз 100 килограмм ва Ҳусниддин Тошмуродов дар вазни то 81 килограмм (ҳарду аз шаҳри Истаравшан) бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштаанд.

Бояд гуфт, ки Маҳмад Миров дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии камарбандӣ, ки моҳи октябри соли гузашта дар шаҳри Бишкек баргузор шуда буд, барои Тоҷикистон аввалин медали тилло овардааст.

Мусобиқаи Ҷоми ҷаҳонии гуштии камарбандӣ миёни мардону занон дар Уфа рӯзи 9-уми ноябр ба анҷом мерасад.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG