Пайвандҳои дастрасӣ

Таъсиси ҷоизаи нави "Ҷилло 2012" дар Тоҷикистон


Дар Тоҷикистони ҷоизаи нав дар бахши санъати синамо, мусиқӣ, театр ва радиою телевизион бо унвони «Ҷилло-2012» таъсис ёфтааст. Муассисони ҷоиза, ки роҳбарони медиагуруҳҳои Тоҷикистон ҳастанд, изҳор медоранд, ки соҳибони ҷоиза аз рӯи 22 бахш дар натиҷаи овоздиҳии тамошобину шунавандаҳо муайян хоҳанд шуд.
Муаллифони лоиҳа мегӯянд доварии шунавандаю бинандаҳо имкон медиҳад, ки зимни муайян кардани соҳиби ҷоизаи «Ҷилло 2012» ғаразкориҳо роҳ наёбанд. Ҳабиба Домензода, яке аз муаллифон мегӯяд ҳисоби овозҳои тамошобинону шунавандаҳо охири ҳар ҳафта сурат мегирад. Натиҷаҳои ниҳоии овоздиҳӣ моҳи декабри соли 2012 муайян хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG