Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳукми додгоҳи Амрико нисбати қотили 6 нафар


Додгоҳи Амрико як мардеро ба зиндони якумрӣ маҳкум кард, ки соли гузашта, шаш нафарро кушта ва як вакили Конгресси Иёлоти Муттаҳидаро захмӣ кард. Додгоҳ барои Ҷейред Лафнер ҳафт зиндони якумрӣ ва 140 соли дигари таҳаммул дар зиндон ҷазо таъйин кард. Тирандозӣ моҳи январи соли 2011 дар шаҳри Туксон дар аёлати Аризона ба вуқӯъ пайваста буд. Габриелла Гиффорд, вакили собиқи Маҷлиси Намояндагон, ки тир ба сараш хӯрда буд, ҳоло дуруст дида ва сухан гуфта наметавонад ва як дасташ ҳам фалаҷ шудааст. Ӯ дар додгоҳ ҳузур дошт, аммо чизе нагуфт. Шавҳараш Марк Келли, кайҳоннаварди амрикоӣ гуфт, ки Ҷейрд Лафнер хостааст, ки дунёи тираву шаррире бисозад, аммо ноком шудааст. Ҷейрд Лафнер, ки ба қатл гунаҳкор дониста шуд, бино бар ташхиси табибон, ба васвос ва дигар бемориҳои равонӣ гирифтор будааст.
XS
SM
MD
LG