Пайвандҳои дастрасӣ

Салимзода мегӯяд, шиканҷа ҳаст, аммо кам


Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон мегӯяд, тайи се соли гузашта ба онҳо бештар аз 130 шикояти расмӣ дар бораи азияту шиканҷа расидааст. Ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аксари ҳолатҳои бадрафтории маъмурони амниятӣ нисбат ба боздоштшудагон ва зиндониёнро худи додситонӣ ишфо карда ва парвандаи даҳҳо нафар аз онҳоро ба додгоҳ додаанд: “Ба мақомоти прокуратура 130 шикояту аризаҳо дар бораи ҷой доштани шиканҷа ворид гардид ва 39 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда ва гунаҳкорон ба суд дода шуданд ва ҷазои сазовор гирифтанд.” Шерхон Салимзода дар ин бора рӯзи панҷшанбе ва баъди он сухан гуфт, дар нишасте дар шаҳри Женева Созмони Милал иқдомоти Тоҷикистон барои маҳви шиканҷаро баррасӣ кард. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, азияту шиканҷаи зиндониён ва боздоштшудагон дар Тоҷикистон дар байни маъмурони амниятӣ ба як расм табдил шудааст.
XS
SM
MD
LG