Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳамлаи ҷангандаҳои эронӣ ба як ҳавопаймои Амрико


Вазорати дифоъи Амрико мегӯяд, ҳавопаймоҳои ҷангии Эрон ба як ҳавопаймои бесарнишин ва ғайримусаллаҳи Иёлоти Муттаҳида дар Халиҷи Форс ҳамла кардаанд. Ҷорҷ Литл сухангӯи вазорат рӯзи панҷшанбе ба хабарнигорон гуфт, ки ин ҳодиса рӯзи якуми ноябр сурат гирифтааст: " Ҳодиса дар фазои қаламравҳои обии байналалмилалӣ ва тақрибан 26 километр дуртар аз соҳили Эрон сурат гирифт. Ба ҳавопаймои бесарнишини "Предатор" ва ё дарранда тир нарасидааст ва он беосеб ба пойгоҳ баргашт." Ба гуфтаи Ҷорҷ Литтл, ҳавопаймо парвози оддии шиносоӣ дошт ва дар ин замон ду ҳавопаймои ҷангандаи Су-25 эронӣ ба сӯи он шиллик кардаанд. Гуфта мешавад, ки бори аввал аст, ки ба ҳавопаймои Амрико дар қаламравҳои байналмилалӣ ҳамла сурат гирифтааст. Ҷорҷ Литтл афзуд, ки Амрико бо эрониҳо иртибот гирифта ва гуфтааст, ки парвозҳои шиносоӣ дар қаламравҳои байналмилалии ҳавоиро муттавақиф нахоҳад кард.
XS
SM
MD
LG