Пайвандҳои дастрасӣ

Башшор Асад: "Сурияро тарк нахоҳам кард"


Башор Асад раиси ҷумҳури Сурия рӯзи панҷшанбе дар як мусоҳибаи телевизионӣ гуфт, ҳеҷ қасди канорагирӣ аз қудрат ва тарки ватанашро надорад: "Ман лӯхтак нестам. Маро дар Ғарб насохтаанд, ки ба онҷо биравам, ё ба ҳар кишвари дигар. Ман суриягӣ ҳастам, ман дар Сурия таввалуд шудаам ва ман бояд дар Сурия зиндагӣ кунам ва дар ҳаминҷо бимирам." Башор Асад дар ин бора зимни мусоҳиба бо телевизиони давлатии инглисизабони Русия сӯҳбат кард. Сурия бештар аз як сол аст, ки дар гирдоби ҷанги шаҳрвандист. Созмони Нозири Ҳуқуқи Инсон дар Сурия, ки дар шаҳри Ландан қароргоҳ дорад, мегӯяд, ки аз моҳи марти соли 2011 то кунун, дар Сурия тақрибан 37 ҳазор нафар ва аксаран мардуми осоишта кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG