Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёми шодбошии раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Барак Обама


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи ҳаштуми ноябр бо ирсоли паёми шодбошӣ Барак Обамаро барои пирӯзӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳури Амрико табрик гуфтааст.

Дар номаи табрикии раисиҷумҳур Раҳмон гуфта мешавад, ки "Тоҷикистон сатҳи имрӯзаи муносибатҳои ҳамшарикии худро бо Иёлоти Муттаҳида, ки фарогири ҷанбаҳои мухталифи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои сиёсию амниятӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва гуманитарию фарҳангӣ мебошанд, баланд арзёбӣ менамояд."

Ӯ ҳамчунин гуфтааст, Тоҷикистон барои рушду тавсеаи минбаъдаи робитаҳои гуногунҷанба бо Амрико манфиатдор аст. "Ҷиҳати тақвияти ин раванд омодагии хешро барои идомаи муколамаи созанда байни ду давлати ба ҳам дӯст дар ҳамаи сатҳҳо иброз менамоям",-илова кардааст ӯ.

Дар охир, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Барак Обама "сиҳатии комилу саодатмандӣ" ва ба сокинони Амрико "пешрафту шукуфоии рӯзафзун" орзу кардааст.
XS
SM
MD
LG