Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Чин ба мубориза бо фасод даъват кард


Ҳу Ҷинтао- президенти Чин
Ҳу Ҷинтао- президенти Чин
Имрӯз бо паёме дар бораи мубориза бо фасод президенти Чин Ҳу Ҷинтао анҷумани 18-уми ҳизби ҳокими коммунисти ин кишварро ифтитоҳ намуд.
Интизор меравад, беш аз 2200 вакили анҷумани ҳизбе, ки дувумин иқтисоди бузурги дунёро таҳти назорати худ дорад, насли нави раҳбарони кишварро рӯи кор орад.
Анҷумани ҳизби коммунисти Чин як ҳафта давом хоҳад кард ва интизори аксари таҳлилгарон ин аст, ки ноиби раисиҷумҳур Сӣ Ҷинпинг дар ин конгресс ба мақоми дабири кулли ҳизби коммунист расида, аз моҳи марти соли оянда ҷойгузини Ҳу Ҷинтао дар симати раҳбарии Чин мешавад. Интизори дигари ин аст, ки муовини кунунии сарвазир Лӣ Кекианг Вен Ҷиабаоро дар мақоми сарвазири Чин иваз мекунад.
XS
SM
MD
LG