Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Рӯзи панҷшанбе раҳбари ақаллияти парламентии Гурҷистон Давид Бакрадзе ба хабарнигорон гуфт, ки тамоми вакилони мардумии Ҷунбиши муттаҳидаи миллии зери раҳбарии президенти Гурҷистон Михеил Саакашвилӣ корро мутаваққиф намуда, аз бинои парламент берун шуданд. Ба қавли Бакрадзе аудити Телевизиони мардумии Гурҷистон фишор болои воситаҳои ахбори умум аст. Бакрадзе меафзояд, ки ҳабси фармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи Гурҷистон Георгий Каландадзе бо ҳадафи аз мақом барканор намудани ӯ сурат гирифтааст. Баъди пирӯзии эътилофи Орзуи гурҷии зери раҳбарии сарвазири феълии Гурҷистон Бидзина Иванишвилӣ дар интихоботи 1-уми октябр ҳизби Саакашвилӣ ба фраксияи ақаллият дар парламенти Гурҷистон табдил ёфтааст.
XS
SM
MD
LG