Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Саидаҳтам Раҳимов - сармураббии мунтахаби дзюдои Тоҷикистон


Саидаҳтам Раҳимов

Саидаҳтам Раҳимов

Саидаҳтам Раҳимов, паҳлавони маъруф, сармураббии дастаи мунтахаби дзюдои Тоҷикистон таъйин шуд. Ба иттилои Федератсияи дзюдои Тоҷикистон, сармураббии нав дар ин вазифа Носир Бозоровро, ки ба кори дигар гузашт, иваз намуд.

Саидаҳтами 39-сола писари гуштигири машҳури тоҷик, ҷаҳонпаҳлавон Саидмуъмин Раҳимов мебошад. Устоди шоистаи варзиш Саидаҳтам Раҳимов соли 1996 дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Атлантаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар риштаи дзюдо ҳамроҳи Хайрулло Назриев ва Рустам Боқиев Тоҷикистонро намояндагӣ кардааст. Ӯ барандаи медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба дзюдо мебошад.

Саидаҳтам Раҳимов, инчунин, дар риштаи самбо ба дастовардҳои бузург мушарраф шудааст. Вай барандаи дукаратаи Ҷоми ҷаҳон (1996,1998), дорандаи медали нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон (2002), барандаи медали биринҷии Ҷоми ҷаҳон (2003) мебошад.
XS
SM
MD
LG