Пайвандҳои дастрасӣ

Гуштигирони навраси тоҷик аз Бишкек чор медал оварданд


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ дар риштаи дзюдо миёни наврасон барои ҷоми Хон Манас дар Бишкек 4 медал ба даст оварданд.

Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ, ки барои бори севум баргузор шуд, 345 паҳлавони наврас аз Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон иштирок карданд.

Ба иттилои Федератсияи дзюдои Тоҷикистон ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар 15 гуштигири синнашон 15-17-сола дохил буданд. Дар рақобатҳо дар вазни то 81 кг ду гуштигири навраси тоҷик - Рашид Зиёбеков (аз ноҳияи Шуғнони вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон) ва Комрон Кармеков (аз бошгоҳи варзишии «Вастан»-и Душанбе) ба финал баромаданд. Қувваозмоии ниҳоӣ бо пирӯзии Комрон ба анҷом расид ва ӯ бо медали тило мукофотонида шуд. Рашид бо медали нуқра сарфароз гашт.

Инчунин паҳлавонони навраси тоҷик - Комрон Мамадназаров дар вазни то 60 кг ва Ардашер Мирзоев дар вазни беш аз 81 кг, ки ҷойҳои севумро касб карданд, барандагони медалҳои биринҷӣ гардиданд.

Мусобиқа дар 8 вазн сурат гирифт. Дар рақобатҳои инфиродӣ паҳлавонони навраси Қазоқистон дар чаҳор вазн, Қирғизистон дар 3 вазн ва Тоҷикистон дар як вазн ғолиб шуданд. Ба ин тартиб, дар ҳисоби дастаӣ мунтахаби Қазоқистон бо 4 медали тилло мақоми аввалро касб кард ва бо Ҷоми Хон Манас мукофотонида шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG