Пайвандҳои дастрасӣ

Имкониятҳои таҳсил дар хориҷа муаррифӣ мешавад


Имрӯз, 8-уми ноябр, дар Тоҷикистон ҳафтумин Намоишгоҳи байналмилалии таълимӣ оғоз ёфт. Ба сифати ташкилкунандагони намоишгоҳ ширкатҳои байналмилалии Тоҷикистону Малайзия баромад мекунанд.

Дар назар аст, зимни намоишгоҳ донишгоҳҳои Туркия, Малайзия, Амрико ва дигар кишварҳо муаррифӣ гарданд. Иштирокчиёни намоишгоҳ бо имкониятҳои таҳсил дар хориҷа, роҳҳои таълим, квота ва паҳлӯҳои дигари таҳсил ошно хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG