Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Размоиши муштараки Тоҷикистону Қазоқистон дар Ромит


Нерӯҳои мусаллаҳи Қазоқистону Тоҷикистон дар дараи Ромит машқҳои низомии зиддитеррористӣ мегузаронанд.

Дафтари матбуоти Вазорати дифои Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе, 8-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки машқҳои муштараки Тоҷикистону Қазоқистон дар дараи Ромит 30 километрии шаҳри Душанбе 7-уми ноябр оғоз ёфт ва то 18 ноябр идома мекунад. Фаридун Маҳмадалиев сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, дар ин размоиши муштарак беш аз 100 нафар сарбозони ҷузъу томҳои таъйиноти махсуси нерӯҳои мусаллаҳи ҳар ду кишвар ширкат доранд.

Дар ҷараёни машқҳо аслан роҳҳои мухталифи хунсо кардани гуруҳҳои шартии террористӣ ва безараргардонии гуруҳҳои тундгаро тамрин мегардад. Ба қавли Фаридун Маҳмадалиев яке аз вазифаи аслии низомиёни ҳарду кишвар дар ин машқи низомӣ ҳамоҳангсозии нерӯҳо дар муқобили гуруҳҳои тррористӣ ба хотири таъмини аният дар минтақа мебошад.
XS
SM
MD
LG