Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз се бозии даври 24-уми Лигаи олӣ баргузор мешавад


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Даври 24-уми мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон рӯзи 7-уми ноябр шурӯъ шуд.

Бозии дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд бо тими меҳмон – Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби мусовии 1:1 поён ёфт. Ҳарду гол аз пеналтӣ ё ҷаримаи 11-метра зада шуд.

Дар бозии дигари ин давр дастаи “Гвардия”-и Душанбе дар меҳмонӣ бар тими “Зарафшон”-и Панҷакент бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард.

Натоиҷи ду бозии даври 24-ум:
«ХУҶАНД» (Хуҷанд) - «ПАРВОЗ» (Бобоҷон Ғафуров) - 1-1
Голҳо: Нодирбек Маъмиров, 40 – аз пеналтӣ (0:1). Манучеҳр Аҳмадов, 61 – аз пеналтӣ (1:1).
Соҳиб Ҳакимов («Хуҷанд») аз майдон хориҷ шуд.

«ЗАРАФШОН» (Панҷакент) - «ГВАРДИЯ» (Душанбе) - 1-3
Голҳо: Муҳсин Мадуллоев, 10 (0:1). Муҳсин Мадуллоев, 34 (0:2). Абдурасул Раҳмонов, 63 (0:3). Фозил Ҳабибов, 78 (1:3).

Имрӯз, 8-уми ноябр, се бозии дигари даври 24-ум баргузор мешавад.

8-уми ноябр, панҷшанбе. Оғози бозиҳо - соати 14.00
«ҲОСИЛОТ» (Фархор) - «ХАЙР» (Ваҳдат). Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ.
«ВАХШ» (Қӯрғонтеппа) - ССКА «ПОМИР» (Душанбе). Қӯрғонтеппа, варзишгоҳи «Пахтакор».
«ИСТАРАВШАН» (Истаравшан) - «ЭНЕРГЕТИК» (Душанбе). Истаравшан, Варзишгоҳи марказӣ.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. «Равшан» (Кӯлоб) 21 17 2 2 41-9 53
2. «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 21 16 4 1 62-15 52
3. «Хайр» (Ваҳдат) 21 14 3 4 40-25 45
4. «Истиқлол» (Душанбе) 19 13 4 2 54-10 43
5. «Парвоз» (Б.Ғафуров) 21 9 4 8 42-30 31
6. «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 22 9 4 9 28-19 31
7. «Хуҷанд» (Хуҷанд) 21 7 6 8 27-30 27
8. «Истаравшан” (Истаравшан) 20 7 4 9 31-37 25
9. «Энергетик» (Душанбе) 20 6 6 8 26-27 24
10. КМВА “Помир” (Душанбе) 21 6 6 9 22-23 24
11. «Ҳосилот» (Фархор) 21 4 2 15 18-54 14
12. «Гвардия» (Душанбе) 22 3 0 19 15-61 9
13. «Зарафшон» (Панҷакент) 22 1 3 18 21-87 6

Голзанҳои беҳтарин: Дилшод Восиев ("Истиқлол")-19 гол, Аҳтам Ҳамроқулов ("Регар-ТадАЗ")-16 гол, Комил Саидов ("Регар-ТадАЗ")-15 гол, Мирзобек Мирзоев («Хайр») – 14 гол, Шодибек Ғаффоров («Энергетик»), Нуъмон Ҳакимов («Равшан»), Мансур Ҳакимов («Парвоз»)– 11-голӣ.

Даври 24-ум
8-уми ноябр (панҷшанбе)
Оғози бозиҳо – соати 14.00
«Ҳосилот» - «Хайр»
«Вахш» - ССКА «Помир»
«Истаравшан» - «Энергетик»
«Истиқлол» - «Равшан» - ба мӯҳлати дертар гузаронида шуд.

Даври 25-ум
12-уми ноябр (душанбе)
Оғози бозиҳо – соати 14.00
«Гвардия» - «Хуҷанд»
«Энергетик» - «Зарафшон»
«Парвоз» - «Регар-ТадАЗ»

13-уми ноябр (сешанбе)
Оғози бозиҳо – соати 14.00
ССКА «Помир» - «Ҳосилот»
«Хайр» - «Истиқлол»
«Равшан» - «Истаравшан»

Даври 26-ум
17-уми ноябр (шанбе)
Оғози бозӣ – соати 14.00
«Хуҷанд» - «Энергетик»

18-уми ноябр (якшанбе)
Оғози бозиҳо – соати 14.00
«Вахш» - «Парвоз»
«Регар-ТадАЗ» - «Гвардия»
«Зарафшон» - «Равшан»
«Ҳосилот» - «Истиқлол»
«Истаравшан» - «Хайр»
XS
SM
MD
LG