Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар рейтинги FIFA як зина пойин шуд


Тоҷикистон дар феҳристи нави FIFA (Федератсияи ҷаҳонии футбол) як зина поин шуда, дар мақоми 137-ум ҷо гирифт.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон миёни тимҳои миллии кишварҳои Шӯравии пешин, аз ҷумла Қазоқистону Қирғизистон пеш аст.

Мавқеи дастаҳои миллии кишварҳои собиқи Шӯравӣ дар феҳристи FIFA: Русия (9), Украина (55), Гурҷистон (65), Узбакистон (69), Беларус (74), Арманистон (82), Эстония (84), Латвия (108), Литва (119), Озарбойҷон (123), Туркманистон (129), Молдова (132),Тоҷикистон (137), Қазоқистон (140), Қирғизистон (200).

Дастаи миллии Испания, қаҳрамони феълии ҷаҳону Аврупо, дар феҳристи навини FIFA дар байни 208 тими миллӣ дар ҷойи аввал аст. Олмон дар ҷойи дувум ва Аргентина дар ҷойи севум мебошанд. Миёни даҳ тими беҳтарини ҷаҳон, инчунин, Португалия, Италия, Инглистон, Ҳолланд, Колумбия, Русия ва Хорватия ҷойгир шудаанд.

Тоҷикистон дар байни 46 дастаи мунтахаби Осиё дар ҷойи 18-ум қарор дорад. Даҳ дастаи беҳтарини Осиё инҳоянд: Ҷопон (24), Кореяи Ҷанубӣ (32), Австралия (33), Эрон (44), Узбакистон (69), Кореяи Шимолӣ (81), Урдун (90), Ироқ (97), Қатар (104) ва Аморати Муттаҳидаи Араб (109).

Бояд тазаккур дод, ки натиҷаи беҳтарини дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар рейтинги FIFA ин ҷои 114-ум дар моҳи июли соли 1997 мебошад. Натиҷаи аз ҳама пасти Тоҷикистон ҷои 180-ум аз рӯи натиҷагирии моҳи июли соли 2003-юм буд.

Рейтинги FIFA аз соли 1993-юм ҷорӣ шудааст. Имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар чаҳор соли охир дода мешавад.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
XS
SM
MD
LG