Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумони Юнон барномаи сарфаҷӯиро тасвиб кард


Порлумони Юнони дармонда ба хотири гирифтани кӯмаки молии нав барномаи сарфаҷӯӣ аз буҷаи давлатро тасвиб кард. Андаке бештар аз нисфи 300 вакили мардумӣ ба тарафдории барнома раъй додаанд, ки то 17 миллиард доллар кам кардани хароҷоти давлатиро дар назар дорад. Як шарти Сандуқи Байналмилалии Пул ва Иттиҳодияи Аврупо барои ихтисоси 31 миллиарду 500 миллион евро барои Юнон сарфаҷӯии бештар буд, ки пулаш танҳо то нимаи моҳи ноябр мерасад. Дар остонаи тасвиби барнома даҳҳо ҳазор нафар аз юнониён дар шаҳри Афина тазоҳурот карданд ва дар баъзе маҳалҳо пулис маҷбур шуд, теъдоде аз тазоҳургарони хашмгинро бо мошинҳои обпош ва гази ашковар пароканда кунад.
XS
SM
MD
LG