Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муаллифи "Бегуноҳии Мусулмонон" зиндонӣ шуд


Додгоҳе дар аёлати Калифорнияи Амрико мардеро, ки филми зиддисломӣ ва ҷанҷолбарангези “Бегуноҳии мусулмононро” кори дасти ӯ медонанд, барои як сол ба зиндон фиристод. Додгоҳи Лос Анҷелес Марк Басселей Юсуф, як қибтии масеҳии мисритаборро барои он ба зиндон маҳкум кард, ки талаботи раҳоии пеш аз мӯҳлат аз зиндонро риоят накардааст. Марк Басселей Юсуф соли 2010 барои тақаллуби молӣ ба зиндон маҳкум шуда буд ва баъди моҷаро дар бораи филм моҳи сентябр дигарбора дастгир шуд. Филми “Бегуноҳии мусулмонон”, ки дар он Ҳазрати Муҳаммадро ба масхара кашидаанд, хашми мусулмонон дар саросари ҷаҳонро барангехт ва сабаби марги чанд нафар дар тазоҳуротҳои хушунатомез дар кишварҳои исломӣ шуд.
XS
SM
MD
LG