Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рушди иқтисодии ҳавзаи евро кундтар мешавад


Бо идомаи бӯҳрони қарзӣ дар ҳавзаи евро Кумиссиёни Аврупо эълом кард, ки рушди иқтисодии ин ҳавза дар соли 2013 кундтар хоҳад шуд. Кумиссиён, ки шохаи иҷроияи Иттиҳодияи Аврупост, рӯзи чаҳоршанбе гуфт, ки рушди иқтисодии ҳавзаи кишварҳои евро соли оянда фақат сифру аз даҳ як дарсадро ташкил хоҳад дод. Танҳо шаш моҳи пеш дар Аврупо интизор доштанд, ки суръати рушди иқтисодии ин ҳавза як дар сад хоҳад буд. Масъулони Кумиссиёни Аврупо ҳамчунин гуфтанд, ҳамаи иқтисодҳои бузург аз миёни 17 кишвари ҳавзаи евро рушди иқтисодии чандоне нахоҳанд дошт. Аммо ба гуфтаи онҳо, иқтисодии Юнон дар соли оянда назар ба ончӣ ки мақомоти ин кишвар пешбинӣ мекунад, беҳтар хоҳад шуд ва Юнони дармонда дар бӯҳрон соли 2014 дар ниҳоят аз чанги рукуди иқтисодӣ раҳо хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG