Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мусобиқаи қаҳрамонии ҳандбол ё тӯби дастии Тоҷикистон миёни дастаҳои мардона бо пирӯзии дастаи аввали Душанбе ба анҷом расид.

Ин мусобиқа дар шаҳри Кӯлоб бо ширкати панҷ даста аз вилоятҳои Хатлону Бадахшон ва шаҳри Душанбе баргузор шуд. Дастаи аввали вилояти Хатлон мақоми дувум ва тими мунтахаби Бадахшон мақоми севумро касб карданд.

Дастаҳои ғолиб ва ҷойҳои фахриро ишғолнамуда бо ҷомҳои Федератcияи ҳандболи Тоҷикистон ва аъзои дастаҳо мувофиқи ҷойҳои гирифтаашон бо медалҳои тило, нуқра ва биринҷии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон мукофотонида шуданд. Ҳамчунин варзишгарони шаҳри Кӯлоб бо тӯҳфаҳои Федератсияи ҳандболи кишвар – тӯбҳои ҳандбол сарфароз гаштанд.

Саид Маҳмудов, муовини аввали раиси Федератcияи ҳандболи Тоҷикистон, ба “Озодӣ” гуфт,“ин навъи олимпии варзиш дар Тоҷикистон ҳафт соли ахир, баъди таъсиси Федератсияи миллии тӯби дастӣ таҳти раҳбарии Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, аз нав эҳё шуд. Ва ҳоло ин навъи олимпии варзиш дар вилоятҳои Суғду Хатлон, вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода ва ноҳияи Ҳисор роҳандозӣ шудааст. Дар ин муддат дар кишвар якчанд мусобиқаи шаҳриву вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ барпо гардид. Ҳамчунин ҳандболбозони тоҷик дар мусобиқоти байналмилалӣ дар Афғонистон, Покистон, Узбакистон ва Эрон ширкат карданд. Масалан, тими мунтахаби занонаи Тоҷикистон дар Бозиҳои IV бонувони кишварҳои исломӣ дар Эрон миёни 12 даста дар мақоми 7-ум қарор гирифт. Моҳи апрели соли равон дастаи мунтахаби занонаи ҳандболи Тоҷикистон дар мусобиқаи минтақаи Осиёи Марказӣ севум шуд.”

Ҷаноби Маҳмудов афзуд, дар айни ҳол дастаи мунтахаби мардонаи Тоҷикистон ба мусобиқаи ҳандбол, ки 25-уми ноябр дар пойтахти Афғонистон – Кобул баргузор мешавад, омодагӣ мебинад. Дар ин мусобиқа ширкати дастаҳои мунтахаби Афғонистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон дар назар аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG